БАОР: соли 2021 рушди иқтисоди Тоҷикистонро бештар пешгӯйӣ мекунад

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) афзоиши нисбатан зиёди иқтисодро дар соли оянда байни кишварҳои узви ин бонки байниминтақавӣ пешгӯйӣ мекунанд. Дар Дурнамои рӯзи 26 ноябр чопшудаи макроиқтисодии БАОР қайд мешавад, ки сатҳи афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда 6,1%, Арманистон – 4,9%, Қазоқистон – 4,4%, Қирғизистон – 3,7% ва Русия – 3,2%-ро ташкил хоҳад дод. […]

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) афзоиши нисбатан зиёди иқтисодро дар соли оянда байни кишварҳои узви ин бонки байниминтақавӣ пешгӯйӣ мекунанд.

Дар Дурнамои рӯзи 26 ноябр чопшудаи макроиқтисодии БАОР қайд мешавад, ки сатҳи афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда 6,1%, Арманистон – 4,9%, Қазоқистон – 4,4%, Қирғизистон – 3,7% ва Русия – 3,2%-ро ташкил хоҳад дод.

Пешгӯйӣ мешавад, ки то охири соли равон рушди иқтисоди Тоҷикистон аз 7,5% дар соли 2019 то 4,5% коҳиш хоҳад ёфт.

Соли 2020 рушди иқтисод дар Қирғизистон 7,5%, Арманистон – 6,4%, Русия – 4%, Қазоқистон – 3% ва Беларус – 1,5% пешбинӣ мешавад.

“Динамикаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои 2021–2022 бо таъсири манфии пандемияи COVID-19 ва равандҳои барқарорсозии минбаъда муайян карда мешавад. Дар солҳои 2021 ва 2022 бо беҳтар шудани вазъи иқтисодии ҷаҳон афзоиши ММД-и кишвар мутаносибан ба 6,1% ва 7,4% дастгирӣ хоҳад ёфт”, – чунин мешуморанд коршиносони бонк.

Гуфта мешавад, хавфҳои геополитикӣ, аз ҷумла таҳримоти кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Русия метавонанд ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонанд.

“Хавфҳои дохилӣ дар давраи миёнамӯҳлат маҳдуд боқӣ мемонанд”, – бар ин назаранд муаллифони Дурнамо.

Дар маҷмӯъ, зикр мегардад дар Дурнамо, иқтисоди кишварҳои узви БАОР дар соли 2021 ба марҳилаи рушди иқтисодӣ ворид мешаванд.

“Сабукшавии маҳдудиятҳо дар ҷаҳон ва давлатҳои минтақа бо мурури пешрафт дар мубориза бо пандемия омили асосии эҳёи фаъолияти иқтисодӣ хоҳад буд. Аз сабаби суст будани талабот ба сармоягузорӣ ва қисман нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ, раванди барқарорсозии пурраи ММД-и давлатҳои минтақа то ба сатҳи пеш аз бӯҳрон тӯлонӣ хоҳад буд. Анҷоми он дар Қазоқистон дар нимаи дуюми соли 2021, дар Русия, Қирғизистон ва Арманистон – дар нимаи аввали соли 2022 ва дар Беларус – дар соли 2023 дар назар аст. Хавфҳои пешгӯии БАОР баланд ва нисбатан ба самти бадшавии арзёбӣ боқӣ мемонанд”, – илова мекунанд таҳлилгарони БАОР.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.