Анҷоми тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Русия

Date:

Тамринҳои ҳарбии муштараки пойгоҳи низомии 201-ум ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқгоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Ҳарб-Майдон дар партави тақвияти вазъи ноустувор ва бесуботи байнулмилалӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, дар машқҳои амалӣ беш аз 550 адад муҳимот ва техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла мошинҳои ҷангии навсозишудаи пиёдагардии БМП-2М, мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, БТР-80, низомҳои реактивии оташфишонии силсилавии «Град» ва «Ураган», тӯпҳо (гаубитса)-и «Гвоздика» ва «Акация» истифода шуд.

Фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин ба раҳбарияти ҳарбии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои тамрин ва меҳмоннавозии маъмулии шарқӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар анҷоми размоиш Александр Лапин ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ба хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 2101-ум ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар машқҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Дар размоиши муштарак, ки аз 20 ноябр оғоз гардид, аз ҷониби Русия зиёда аз 3 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷалб гардида, беш аз 550 адад техникаи ҳарбӣ сафарбар шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...