Анҷоми тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Русия

Тамринҳои ҳарбии муштараки пойгоҳи низомии 201-ум ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқгоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Ҳарб-Майдон дар партави тақвияти вазъи ноустувор ва бесуботи байнулмилалӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, дар машқҳои амалӣ беш аз 550 адад муҳимот ва техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла мошинҳои ҷангии навсозишудаи […]

Тамринҳои ҳарбии муштараки пойгоҳи низомии 201-ум ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқгоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Ҳарб-Майдон дар партави тақвияти вазъи ноустувор ва бесуботи байнулмилалӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, дар машқҳои амалӣ беш аз 550 адад муҳимот ва техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла мошинҳои ҷангии навсозишудаи пиёдагардии БМП-2М, мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, БТР-80, низомҳои реактивии оташфишонии силсилавии «Град» ва «Ураган», тӯпҳо (гаубитса)-и «Гвоздика» ва «Акация» истифода шуд.

Фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин ба раҳбарияти ҳарбии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои тамрин ва меҳмоннавозии маъмулии шарқӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар анҷоми размоиш Александр Лапин ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ба хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 2101-ум ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар машқҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Дар размоиши муштарак, ки аз 20 ноябр оғоз гардид, аз ҷониби Русия зиёда аз 3 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷалб гардида, беш аз 550 адад техникаи ҳарбӣ сафарбар шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.