Боздиди раиси нави Исфара аз ҷамоати наздимарзии Ворух

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 27 ноябр бо сафари корӣ аз ҷамоати наздимарзии Ворух боздид намуда, бо сокинон вохӯрд ва бо ҷараёни сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ аз наздик шинос шуд. Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби буҷет дар ин ҷамоат сохтмони 5 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба маблағи умумии 30 млн сомонӣ, аз […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 27 ноябр бо сафари корӣ аз ҷамоати наздимарзии Ворух боздид намуда, бо сокинон вохӯрд ва бо ҷараёни сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ аз наздик шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби буҷет дар ин ҷамоат сохтмони 5 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба маблағи умумии 30 млн сомонӣ, аз қабили чоҳи амудӣ, мактаби нав барои 720 нафар хонанда дар маҳаллаи Сангтӯда, 8 синфи иловагӣ дар мактаби №23, Кохи фарҳанг ва майдони Парчами давлатӣ идома дорад, ки ба истифода додани онҳо нимаи аввали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ маркази хизматрасониҳои маишӣ, варзишгоҳ бунёд гардида, беморхона ва кӯдакистон, инчунин роҳҳо ва дигар иншоот аз таъмир бароварда мешаванд.

Бо сокинони ҷамоат Баҳоваддин Баҳодурзода дар бораи сохтмони роҳи мустақим аз Ворух ба Исфара, ҳалли мушкилоти чарогоҳҳо, пешгирии дуздии чорво аз ҷониби сокинони деҳоти ҳамсояи Қирғизистон, баргардонидани чорвои қаблан дузида, таъсиси корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ дар баррасӣ ва ҳалли саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинони Ворух ва ғайра суҳбат кард.

Раиси шаҳр ваъда дод, ки аз ин ба баъд яке аз рӯзҳои ҳафтаи кории худро дар Ворух мегузаронад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.