Нисбат ба соли 2019 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 66% кам шуд

Date:

Пандемияи COVID-19 ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ зад: бар асари пандемияи коронавирус нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта имсол шумори сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкунанда 66% кам шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 320 ҳазор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 66% камтар аст.

Соли гузашта 1 млн 254 ҳазор нафар сайёҳон ба тамошо ва сайру саёҳат ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Дар чунин шароит ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ба сайёҳии дохилӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Дар ин робита имрӯз, 9 декабр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Намоишгоҳи имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад.

Дар ин намоишгоҳ ширкату ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, инчунин ҳунармандон молу маҳсулот ва хизматрасониҳори худро ба тамошобинон пешкаш мекунанд.

Намоишгоҳ ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии сайёҳии экологӣ, сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва кӯҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ баргузор мешавад.

Тавре интизорӣ меравад, дар намоишгоҳ имконоти сайёҳии экологӣ, сайру саёҳат дар макони ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, сайёҳӣ барои солимгардонии ҷисм, истироҳати солим, инчунин рушди ҳунарҳои мардумӣ ва воситаҳои ҳавасмандсозии иқтисодӣ муаррифӣ ва ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...