Forbes 100-гонаи бонуфузтарин бонувони ҷаҳонро номбар кард

Маҷаллаи Forbes раддабандии ҳабдаҳуми ҳамасолаи 100 нафар бонуфузтарини бонувони ҷаҳонро тартиб дод, менависад Медуза. Ягона намоянда аз Русия дар ин рейтинг се сол пайдарпай раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина боқӣ мемонад (соли 2017 сардабири RT Маргарита Симонян низ ҷой дошт). Соли 2020 Набиуллина зинаи 57-ум, соли 2019 – 53-юм ва соли 2018 – мақоми 49-умро […]

Asia-Plus

Маҷаллаи Forbes раддабандии ҳабдаҳуми ҳамасолаи 100 нафар бонуфузтарини бонувони ҷаҳонро тартиб дод, менависад Медуза.

Ягона намоянда аз Русия дар ин рейтинг се сол пайдарпай раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина боқӣ мемонад (соли 2017 сардабири RT Маргарита Симонян низ ҷой дошт). Соли 2020 Набиуллина зинаи 57-ум, соли 2019 – 53-юм ва соли 2018 – мақоми 49-умро ишғол карда буд.

Даҳ сол боз пайдарпай зинаи аввал ба канслери Олмон Ангела Меркел дода мешавад. Мақоми дуюмро чун дар соли 2019 роҳбари Бонки марказии Аврупо Кристин Лагард касб кардааст.

Ҷойи сеюмро Forbes ба шахси нав дар раддабандӣ – ноиби ояндаи президенти ИМА Камола Харрис лоиқ донистааст.

Дар рейтинги имсола ҳамагӣ 17 нафар бонувони нав дохил шудаанд. “Ин гувоҳи он аст, ки занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки зери таъсири пандемия тағйир меёбад, мақоми раҳбариро ишғол мекунанд”, – қайд мекунад нашрия.

Ба ин тариқ, миёни шахсони нави рейтинг ноиби иҷроияи президенти CVS Health (шабакаи иборат аз 7 ҳазор дорухонаҳоро дар 40 штати ИМА идора мекунад) Карен Линч, ки соли 2021 ба масоили марбут ба ваксина аз COVID-19 дар ширкат масъул аст, низ зикр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.