Пешниҳоди рӯйхати дақиқи ҷавонони пойтахт ба комиссариатҳо

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр дастур дод, ки аллакай аз ҳозир ба маъркаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ омодагиро оғоз намоянд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт, комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе то 10 марти соли оянда ба дақиқ муайян кардани шумори ҷавонони синнусоли муносиб ба даъвати […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр дастур дод, ки аллакай аз ҳозир ба маъркаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ омодагиро оғоз намоянд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе то 10 марти соли оянда ба дақиқ муайян кардани шумори ҷавонони синнусоли муносиб ба даъвати ҳарбӣ уҳдадор карда мешавад.

Ба раисони маҳаллаҳои шаҳр супориш дода мешавад, ки рӯйхати дақиқи шаҳрвандони синну соли даъватиро омода ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод кунанд.

Сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки то оғози маъракаи даъвати баҳорӣ, ки 1 апрели соли 2021 оғоз мегардад, барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нисбати даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, супориш дода шуд, ки баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, пайдарпай соли чорум инҷониб шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонад.

Манбаъ зикр кард, ки иҷрои нақшаи даъват пеш аз муҳлат гувоҳи он аст, ки “тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқи дастуру ҳидоятҳои президенти Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.