Иҷозаи парвозҳои мунтазам ба Хуҷанд ба ширкати AZUR

Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии AZUR air ҷиҳати наҷоми парвозҳо бо хатсайри Иркутск-Хуҷанд-Иркутск иҷоза дод. Дар ин бора дар Фармони Росавиатсия аз 3 декабр сухан меравад. Дар фармон қайд мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба иҷро карда мешаванд. “Додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ, ки дар фармони Росавиатсия аз […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии AZUR air ҷиҳати наҷоми парвозҳо бо хатсайри Иркутск-Хуҷанд-Иркутск иҷоза дод. Дар ин бора дар Фармони Росавиатсия аз 3 декабр сухан меравад. Дар фармон қайд мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба иҷро карда мешаванд.

“Додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ, ки дар фармони Росавиатсия аз 03.12.2020 №1463-п зикр шудааст, қарор ё асос шуда наметавонад.

Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад”, – қайд мекунад Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ.

Аммо дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин бора то ҳол ягон огоҳиномае нагирифтаанд.

“Ширкати ҳавопаймоӣ то ҳанӯз ба мо муроҷиат накардааст, инчунин аз ҳамтоҳои русиягиамон ҳам оид ба ин масъала ҳеҷ маълумоте нарасидааст”, – зикр карданд дар Агентӣ.

Қрбили зикр аст, ки бар асари пандемия алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия қатъ шуда, ба ивази он аз ҳар ду ҷониб парвозҳои чартерии аз кишвари хориҷӣ ба ватан баргардонидани ҳамватанон роҳандозӣ гардид.

Парвозҳоро аз Русия ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом дода, парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Русия ду ширкати ҳавопаймоии Русия – “ЮТэйр” ва “Уральские авиалинии” аз моҳи ноябр оғоз карданд.

Танҳо дар моҳи декабр анҷоми 146 парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. “Уральские авиалинии” дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия 11 парвози чартерӣ иҷро мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.