Пагоҳ дар маркази пойтахт ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пагоҳ, рӯзи 11 декабр дар маросими муаррифии автобус ва тролеейбусҳои нав, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрдории пойтахт харидорӣ шуда, ояндаи наздик равуояшон дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳр оғоз мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Маросими муаррифӣ субҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пагоҳ, рӯзи 11 декабр дар маросими муаррифии автобус ва тролеейбусҳои нав, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрдории пойтахт харидорӣ шуда, ояндаи наздик равуояшон дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳр оғоз мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Маросими муаррифӣ субҳи 11 декабр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, мавзеи наздикии маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” доир мегардад.

Дар ин робита, аз соати 05:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ,  аз буриши хиёбони А.Сино то буриши хиёбони А.Рӯдакӣ манъ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ба Душанбе аз Беларус 100 троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ, ки дар корхонаи «Белкоммунмаш» (модели 32100D) истеҳсол шудааст, оварда шуданд.

Ин троллейбусҳо ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ аз моҳи майи соли 2019 дар роҳҳои Душанбе ба равуо оғоз карданд. Ғунҷоиши онҳо 90 нафар бо 22 ҷойи нишаст, дарозиаш – 11,93 метр ва бараш – 2,55 метрро ташкил медиҳад. Дар троллейбус низомҳои оташхомӯшкунӣ, мушоҳидаи сабти видеоӣ, ҳавософкун (кондитсионер) ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ амал мекунанд.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.

Нимаи моҳи январи соли гузашта дар бораи харидории 4 адад чунин навъи троллейбусҳо хабар дода шуда буд.

Зикр гардида буд, ки троллейбусҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби БАТР маблағгузорӣ мешавад, дастрас мегарданд: 50%-и маблағ – грант ва 50%-и дигараш қарз.

Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.

Ғайр аз ин, шаҳрдории пойтахт боз 30 автобусҳои нави мусофирбар, аз ҷумла дуқабата харидорӣ намуда, ояндаи наздик онҳо ба роҳҳои шаҳр мебароянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.