Шоҳмотбозони Душанбе бори дуюм пайдарпай соҳиби Ҷоми Пешвои миллат шуданд

Date:

Дар Душанбе мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат бо фонди ҷоизавии 100 ҳазор сомонӣ ба итмом расид. Байни шоҳмотбозони касбӣ дастаи Душанбе-1 ва дар мусобиқаи байни дӯстдорони шоҳмот дастаи вилояти Суғд ғолиб омаданд.

Мусобиқа моҳи июн дар сатҳи маҳаллӣ байни хонандагону омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо оғоз гардида, моҳи декабр бо иштироки дастаҳои мунтахаби минтақаҳо – 2-дастагӣ аз Душанбе ва Хатлон ва 1-дастагӣ аз вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ марҳилаи финалии мусобиқа доир гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мусобиқа байни шоҳмотбозони касбӣ зинаи аввалро бо касби 12 имтиёз (ғалаба дар ҳамаи 6 бозӣ) дастаи Душанбе-1, зинаи дуюму сеюмро бо касби 9-имтиёзӣ дастаҳои Душанбе-2 ва вилояти Суғд ишғол намуданд.

Дар мусобиқа миёни дӯстдорони шоҳмот ба мақоми аввал дастаи вилояти Суғд, зинаи дуюм – дастаи ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлолн-2 соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби шахсӣ зинаи аввалро Аъзам Юнусов (Бохтар) ва Адиба Мақсудшоева (ВМКБ) касб намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов қайд кард, ки созмондиҳандаи мусобиқа Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

“Ин мусобиқаи дуюми шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аст, – гуфт ӯ. – Аз ин ба баъд мусобиқа анъанавӣ хоҳад шуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...