Нахустин Мудири намояндагии USAID дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Кит Симмонс, ки 28-уми сентябр ба унвони иҷрокунандаи вазифаи нахустин Мудири намояндагии USAID – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъин шуда буд, ба Тоҷикистон омад ва ба фаъолияташ оғоз кард. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки омадани ҷаноби Симмонс ба Тоҷикистон мусодиф  ба  оғози чанд лоиҳаҳои 100 миллиондоллари нави USAID дар бахшҳои […]

Кит Симмонс, ки 28-уми сентябр ба унвони иҷрокунандаи вазифаи нахустин Мудири намояндагии USAID – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъин шуда буд, ба Тоҷикистон омад ва ба фаъолияташ оғоз кард.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки омадани ҷаноби Симмонс ба Тоҷикистон мусодиф  ба  оғози чанд лоиҳаҳои 100 миллиондоллари нави USAID дар бахшҳои кишоварзӣ, заминдорӣ, таъмини об, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон аст.

USAID ҳоло дар Тоҷикистон фаъолияти минтақавӣ ва дутарафаи рушдро дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, энергетика, идораи об, ғизо, тандурустӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мудирият амалӣ мекунад. Буҷаи умумии барномаҳои он, тақрибан 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар шарҳи коркардҳои Симмонс гуфтааст, ки ӯ дар соҳаи рушди байналмиллӣ бо USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси Сулҳи ИМА таҷрибаи беш аз 40-солаи кор дорад. Ӯ дар кишварҳои аврупоӣ, Авросиё, Африқо ва Осиё кор кардааст. Ахиран, ӯ қабл аз омадан ба Тоҷикистон, дар мақоми мудири намояндагии USAID дар Ҳиндустон кор мекард.

Амрико имсол намояндагии ҷудогонаи дуҷонибаи USAID-ро дар Тоҷикистон боз кард, ки ба назари Сафорати ин кишвар дар Душанбе “аз таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳида бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар саросари кишвар шаҳодат медиҳад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.