Дастпарварони “Азия-Плюс” аз Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ҷоиза гирифтанд

Рӯзноманигори варзидаи тоҷик Маҳпора Киромова ва рӯзноманигори ҷавон Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ) мутаносибан ба ҷоизаҳои “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол" ва "Барои мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ дар журналистика" сазовор дониста шуданд. Ҷоизаи ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар соҳаи ҳуқуқи башар ҳамасола ба шахсоне супурда мешавад, ки дар кори пешбурд ва ҳимоя аз ҳуқуқи инсон […]

Рӯзноманигори варзидаи тоҷик Маҳпора Киромова ва рӯзноманигори ҷавон Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ) мутаносибан ба ҷоизаҳои “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол" ва "Барои мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ дар журналистика" сазовор дониста шуданд.

Ҷоизаи ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар соҳаи ҳуқуқи башар ҳамасола ба шахсоне супурда мешавад, ки дар кори пешбурд ва ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Наргис Зокирова, мудири Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷоиза аз ҷониби Идора соли 2009 таъсис ёфта, ҳамасола ба шахсони сазовор тақдим мегардад.

Олиму ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуда метавонанд. Ҳадаф аз тақдими он ҳавасмандсозии ҳомиёни ҳуқуқ ва ташкилоти ҳомии ҳуқуқ дар кори душвори онҳост.

Ҷоиза дар номинатсияи асосӣ – “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол” ба рӯзноманигори варзидаи тоҷик Маҳпора Киромова тақдим гардид.

Соли 2020 ӯ филмҳои иҷтимоии “Мардикор” ва “Аличор”-ро таҳия намуд, ки мавриди баҳсу вокунишҳои зиёд дар ҷомеа гардиданд.

Дар наворҳо мушкилоти доғи иҷтимоӣ матраҳ гардиданд, ки ба ақидаи бархе аз коршиносон, минбаъд метавонанд ба тағйироти усулӣ дар ҷомеаи мо таъсир гузоранд.

Абдулло Ғурбатӣ, ки ба ҷоизаи "Барои мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ дар журналистика" шарафёб гардид, соли 2020 мавзӯъҳои муҳимро инъикос намуд. Ӯ ду маротиба мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифта, гунаҳкорон дар ҳодисаи лату кӯби аввал то ҳол дарёфт нашудаанд.

Ин ҳодисаҳо дар ҷомеа вокуниши шадид ба бор оварда, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба ҳимояи ӯ бархостанд. Онҳо ин ҳодисаҳоро ба фаъолияти назарраси журналистии ӯ рабт доданд.

Сарфи назар аз ин ҳодисаҳо, ӯ ба фаъолияти касбии худ дар соҳаи рӯзноманигорӣ идома медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соҳибони ҷоизаро кумитаи махсус муайян мекунад, ки дар он ба сифати ҳакамон намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва як намояндаи аз Идораи ҳуқуқи инсон дохил мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.