Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд ҳоло барқарор намешавад

Date:

Ҳукуматҳои ҳар ду кишвар то ҳол сари санаи дақиқи оғози парвозҳо байни пойтахтҳо созиш ҳосил карда наметавонанд.

Нимаи моҳи октябр ҷонибҳо имкони барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошкандро аз 1 ноябр баррасӣ намуда, сипас ин санаро то 1 декабр мавқуф гузоштанд ва баъдан боз муҳлати нав – аз 1 январи соли 2021 баррасӣ шуд.

“Ба гумони ғолиб, алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд наздикиҳои фасли баҳор барқарор мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, вазъи душвори эпидемиологӣ бар асари пандемияи коронавирус ба давлатҳо барои қабули қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала имкон намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд аз 16 марти соли равон қатъ гардида буд.

Айни замон барои равуои шаҳрвандони ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст.

Алҳол танҳо ба се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боздид аз ҳар ду кишвар иҷоза доданд. Ҷонибҳо ба гузаштани сарҳад барои шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, розигӣ додаанд. Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, айни замон шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд, сарҳадро гузашта метавонанд. Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад.

Ба категорияи сеюми шаҳрвандони кишварҳо, ки убури марз барояшон иҷоза аст, шахсоне дохил мешаванд, ки аз Ситодҳои ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...