Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Тоҷикистон бо доштани таҷрибаи хуби сулҳ метавонад Афғонистонро кӯмак кунад

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ки "Тоҷикистон таҷрибаи хубе дар хатми ҷанги дохилӣ ва даст ёфтан ба сулҳу рифоҳ дорад ва метавонад Афғонистонро дар ин росто ҳамкорӣ намояд". Ин нуктаро Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи расмии фейсбукии худ […]

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ки "Тоҷикистон таҷрибаи хубе дар хатми ҷанги дохилӣ ва даст ёфтан ба сулҳу рифоҳ дорад ва метавонад Афғонистонро дар ин росто ҳамкорӣ намояд". Ин нуктаро Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи расмии фейсбукии худ навиштааст. 

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари кории дурӯза имрӯз вориди Душанбе шуд ва пеш аз зуҳр бо Маҳмадтоир Зокирзода дидор дошт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода дар ин дидор гуфтааст, ки “густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад".

"Муссалам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фаррохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду густариш бахшем”.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин навиштааст, ки Маҳмадтоир Зокирзода "ҳимояти Маҷлиси намояндагон ва кишварашро аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон эълом кард". Ба навиштаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ онҳо ҳамчунин дар мавриди "талошҳои сулҳ, музокирот бо "Толибон", нақши кишварҳои минтақа дар таъмини сулҳ,  сафарҳои минтақаӣ барои касби иҷмоъи минтақаӣ дар ҳимоят аз сулҳ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таъмини сулҳ дар Афғонистон ба тафсил суҳбат кардем".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.