Ҷаримаи 31 ронанда бар асоси арзу шикояти сокинони пойтахт

Баъди арзу шикояти сокинон беш аз 30 нафар ронандагон, ки автомашинаҳои худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ҷарима шуданд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳамаи ҳолатҳои қоидавайронкунӣ бо аксҳои иловашуда аз ҷониби сокинони шаҳр фиристода шуда, дархост шудааст, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шаванд. “Зимни пешбурди […]

Баъди арзу шикояти сокинон беш аз 30 нафар ронандагон, ки автомашинаҳои худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳамаи ҳолатҳои қоидавайронкунӣ бо аксҳои иловашуда аз ҷониби сокинони шаҳр фиристода шуда, дархост шудааст, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

“Зимни пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки аксарияти ронандагони дар аксҳо иъикосгардида, автомашинаи худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ки ин амали онҳо боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандон гардидааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, ҳамаи ронандагони зикршуда дарёфт ва мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода шуданд.

Ҳамчунин онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд, ки минбаъд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.