Боздошти марди солхӯрдаи душанбегӣ ва навраси шаҳринавӣ аз рӯйи далелҳои кордкашӣ

Кормандони милитсия ду далели истифода аз кордро дар муноқишаҳо байни шаҳрвандон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе ошкор намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  сокини деҳаи Сабои ноҳияи Шаҳринав ба милитсияи  маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шоми 19 декабр як шахси номаълум ба писари 17-солааш бо корд ҳамла ва ӯро захмӣ кардааст. […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия ду далели истифода аз кордро дар муноқишаҳо байни шаҳрвандон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе ошкор намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  сокини деҳаи Сабои ноҳияи Шаҳринав ба милитсияи  маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шоми 19 декабр як шахси номаълум ба писари 17-солааш бо корд ҳамла ва ӯро захмӣ кардааст.

Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷинояти барқасдона навраси 16-солаи сокини ҳамин деҳа боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба гумони даст доштан дар расонидаи зарари вазнин ба саломатӣ сокини 62-солаи қаблан маҳкумшудаи пойтахт боздошт шудааст. Гумонбаршуда 20 декабр дар ҳолати мастӣ бо қаровули 66-солаи таваққуфгоҳи мошинҳо ҷанҷол карда, бо корд ба қафаси синааш зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.