Нашри акси фотомодели тоҷик дар муқоваи маҷаллаи Vogue Arabia

Фотомодели тоҷик Карина Комил симои намоиши мӯди маҷмуаи нахусти тарроҳи либос аз Арабистони Саудӣ Нури Сулаймон шуд. Шумораи навбатии маҷалла моҳи декабр бо маҷмӯаи либосҳои тарроҳ дар муқовааш чоп шуд. Vogue Arabia – нашрияи арабии маҷллаи маъруф дар бораи мӯд ва сабки Vogue мебошад. Маҷалла дар як қатор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла дар худи Арабистони […]

Фотомодели тоҷик Карина Комил симои намоиши мӯди маҷмуаи нахусти тарроҳи либос аз Арабистони Саудӣ Нури Сулаймон шуд. Шумораи навбатии маҷалла моҳи декабр бо маҷмӯаи либосҳои тарроҳ дар муқовааш чоп шуд.

Vogue Arabia – нашрияи арабии маҷллаи маъруф дар бораи мӯд ва сабки Vogue мебошад. Маҷалла дар як қатор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла дар худи Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Уммон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Лубнон фурӯхта мешавад.

Сарфи назар аз иқлими гарми Арабистони Саудӣ, маҷмӯаи тарроҳ Нури Сулаймон  дар маҷаллаи Vogue Arabia аз сарулибоси зимистона бо сабки шарқиёна иборат аст.

Тавре дар саҳифаи худи модел дар Instagram маълумот дода мешавад, ӯ дар Русия таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба воя расидааст. Дар наврасиаш ба Қазоқистон кӯчидаанд. Оиладор нест ва фарзанд надорад, лекин марди дӯстдоштае дорад, ки маълумот додан дар бораашро лозим намедонад.

Карина Комилро як ширкати ҳавопаймоӣ ба Арабистони Саудӣ даъват карда, 5 сол инҷониб дар ҳамин кишвар зиндагӣ мекунад. Аз оғози фаъолияташ дар тиҷорати моделӣ 10 сол сипарӣ шуда, чандин бор ба дарёфти ҷойҳои сазовор дар озмунҳои зебойӣ мушарраф гардидааст. Ғайр аз ин, менависад Карина, ӯ бо забони тоҷикӣ суруд ҳам мехонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.