Низом Қосим дигарбора раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд

Низом Қосим дар Анҷумани XV-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз сӯйи вакилони ин анҷуман дигарбора раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ акнун панҷ соли дигар ин созмони эҷодиро раҳбарӣ хоҳад кард. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як созмони эҷодии вомонда аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.  Низом Қосим ба унвони раиси […]

Asia-Plus

Низом Қосим дар Анҷумани XV-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз сӯйи вакилони ин анҷуман дигарбора раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ акнун панҷ соли дигар ин созмони эҷодиро раҳбарӣ хоҳад кард.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як созмони эҷодии вомонда аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. 

Низом Қосим ба унвони раиси Иттифоқи Нависандагон бо он низ маъруф аст, ки дар замони раҳбарии ӯ 41 тан аз узвияти ин созмон ба далели ба гуфти раҳбарии ин ниҳод, "тасодуфӣ будан" ихроҷ шудаанд. Ин амалкарди раҳбарии Иттифоқи Нависандагон вокунишҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон дошт. Ҳоло гуфта мешавад ин созмон наздик ба 400 узв дорад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки Садорати ин иттиҳодия, муовинони раис ва сардабирони нашрияҳои он низ имрӯз дар ин анҷуман интихоб шаванд. 

Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.