Гумонбарии корманди РВКД Хатлон ба гирифтани $10 ҳазор пора

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи боздошти ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон Шерафган Холов хабар медиҳад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ӯ дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, моҳи январи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи боздошти ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон Шерафган Холов хабар медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ӯ дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, моҳи январи соли ҷорӣ Холов барои ивази чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, аз шаҳрванд Ф.Сафаров маблағи 8 ҳазор доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути дигар кас гирифтааст.

Моҳи апрели соли 2020 Шерафган Холов аз шаҳрванд Ф.Сафаров боз 2 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки суд нисбати писари ӯ ҷазои ҷарима таъин мекунад.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Холов Ш.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶҶТ (Қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва он ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Мувофиқи ин модда то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.