Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад ИВЛ кумак фиристод

Рӯзи 22 декабр Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад маҷмӯи дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)-и мобилии «Кокшетау-4П» фиристод. Тавре дар сомонаи Вазорати индустрия ва рушди зерсохтори Қазоқистон хабар дода мешавад, дастгоҳҳо тариқи автомобилҳо ба Тоҷикистон оварда шудааст. Бино ба маълумоти Вазорат,  таҷҳизот ба Тоҷикистон бо дастури президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев з 10 декабр фиристода шудааст. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Рӯзи 22 декабр Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад маҷмӯи дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)-и мобилии «Кокшетау-4П» фиристод.

Тавре дар сомонаи Вазорати индустрия ва рушди зерсохтори Қазоқистон хабар дода мешавад, дастгоҳҳо тариқи автомобилҳо ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорат,  таҷҳизот ба Тоҷикистон бо дастури президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев з 10 декабр фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, дастгоҳҳои«Кокшетау-4П» дар корхонаи «Тыныс» дар Кокшетау васлу насб мешавад. Ширкат дар як моҳ ҳудуди 500 адад чунин дастгоҳҳо истеҳсол мекунад. Як дона аз ин гуна дастгоҳ 750 ҳазор танга (қариб 1700 доллар) нарх дорад.  

Дастгоҳи "Кокшетау-4П" дар таҷҳизоти мобилӣ (сайёр) кор мекунанд, аз ин рӯ, масалан онҳоро метавон ар мошини ёрии таъҷилӣ ҳамроҳ гирифт ё дар хона низ истифода бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.