Ато Мирхоҷа боқӣ монду Равшани Махсумзод муовини нави раиси Иттифоқи нависандагон шуд

Нависанда Равшан Махсумзод дар Анҷумани XV-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муовини нави раиси ин созмон интихоб шудааст. Равшан Махсумзод дар ин симат ба ҷойи нависандаи хушноми тоҷик Юнус Юсуфӣ омад, ки  гуфта мешавад ӯ ба далели бознишастагӣ аз ин мақом рафтааст. Равшан Махсумзод нависанда ва рӯзноманигори тоҷик аст, ки то омадан ба ин мақом мудири бахши насри […]

Нависанда Равшан Махсумзод дар Анҷумани XV-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муовини нави раиси ин созмон интихоб шудааст. Равшан Махсумзод дар ин симат ба ҷойи нависандаи хушноми тоҷик Юнус Юсуфӣ омад, ки  гуфта мешавад ӯ ба далели бознишастагӣ аз ин мақом рафтааст.

Равшан Махсумзод нависанда ва рӯзноманигори тоҷик аст, ки то омадан ба ин мақом мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон буд. 

Дирӯз дар ин анҷуман раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва муовини аввали ӯ Ато Мирхоҷа дубора дар симатҳои худ барои панҷ соли дигар интихоб шуданд. 

Ҳамчунин дар Анҷумани XV-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раёсати нави ин созмони эҷодӣ иборат аз 47 нафар интихоб шудааст, ки чеҳраҳое нав чун Абдуллоҳ Раҳнамо, Исмоил Зарифӣ, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ ба узвияти он расидаанд. 

Ин Анҷуман ҳамчунин мебоист сардабирони нашрияҳои ин созмонро низ интихоб мекард, вале ба далели тағйирот дар оиннома акнун сардабирони нашрияҳоро Раёсати созмон интихоб мекунад. 

Ҳоло Рустам Ваҳҳобзода сардабири маҷаллаи миллии адабии "Садои Шарқ", Парда Ҳабиб сардабири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ва Ҷумъа Қуддус сардабири маҷалаи русии "Памир" мебошанд, ки органҳои нашаротии Иттифоқи нависандагонанд. 

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як созмони эҷодии вомонда аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.