Футболбоз Нуриддин Давронов бо пайравӣ аз даъвати Рустами Эмомалӣ дарахт шинонид

Футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов дар навори видеоии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон иштирок карда, аз ҷавонон даъват намуд, ки ташаббуси раиси шаҳри Душанберо дар мавриди сабзгардонии пойтахт дастгирӣ кунанд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори”Азия-Плюс” ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи экология барояш хеле муҳим аст, “зеро Тоҷикистон ва аз ҷумла, пойтахти […]

Сайфиддин Қараев

Футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов дар навори видеоии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон иштирок карда, аз ҷавонон даъват намуд, ки ташаббуси раиси шаҳри Душанберо дар мавриди сабзгардонии пойтахт дастгирӣ кунанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори”Азия-Плюс” ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи экология барояш хеле муҳим аст, “зеро Тоҷикистон ва аз ҷумла, пойтахти он хонаи умумии ҳар яки мост”.

“Ҳама дар хонааш рӯбучин карда онро тозаву ботартиб нигоҳ медорад, пас зарур аст, ки ба табиат ва ҳамаи он чизе, ки моро иҳота мекунад, низ чунин муносибат намуд”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи футболбоз, ӯ бо камоли мамнуният пешниҳоди Кумитаро дар наворбардорӣ қабул карда, ба ин васила талошҳои ба ҳифзи муҳити зист ва ғамхорӣ ба экология нигаронидашударо дастгирӣ менамояд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти экологии Кумита, дар доираи иқдоми Рустами Эмомалӣ оид ба сабзгардонии пойтахт аз ҷониби ин ташкилот ва воҳидҳои зерсохтори он аллакай зиёда аз 6000 бех дарахт шинонида шудааст.

“Ин саҳми ман ба дастгирии ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки аз сокинон даъват ба амал овард, ки ба ободониву ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ҳар яке саҳм гузорад”, – гуфт Нуриддин Давронов.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки ҳар кадоме аз сокинони шаҳри Душанбе бо қаноатмандӣ ба ин ташаббуси ғамхорона ва саривақтии раиси пойтахт пайравӣ хоҳад кард. Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.