Модари панҷгоникҳо аз ҳукумат хона мехоҳад: Ҳукумати Хатлон “хона ҳал аст”

Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар арафаи Соли нав дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ панҷгоник ба дунё овард, мегӯяд шароити зиндагияш хуб нест. Ӯ мегӯяд намедонад ин кӯдаконро чи гуна бузург мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон панҷгоник таваллуд мешавад. Хостори хонаи ҷудогона шудани модари ин панҷгоникҳо дар ҳолест, ки бархе аз блогнависон дар […]

Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар арафаи Соли нав дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ панҷгоник ба дунё овард, мегӯяд шароити зиндагияш хуб нест. Ӯ мегӯяд намедонад ин кӯдаконро чи гуна бузург мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон панҷгоник таваллуд мешавад.

Хостори хонаи ҷудогона шудани модари ин панҷгоникҳо дар ҳолест, ки бархе аз блогнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ сохтаанд ва гуфтаанд, ки президенти Тоҷикистон ба ин панҷгоникҳо ҳавлӣ туҳфа кардааст. Аммо модари ин панҷгоникҳо ин хабарҳоро беасос медонад.

Дилноза Мамадова рӯзи 04.01.2020 дар суҳбат бо  “Азия-Плюс” аз онҳое, ки барояшон ёрӣ кардаанд изҳори ташаккур мекунад, вале гуфт, ки ба ман барои таъмири хона пул нею як хона бидиҳанд хубтар аст, зеро вазъи зиндагиям хуб нест ва дар як ҳавлии  хурд бо зани ҳеварам якҷоя зиндагӣ мекунем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа ба “Азия-Плюс”гуфт, ки ба ҳукумати Қубодиён спориш дода шудааст ки ба модари кӯдакон ва панҷгоникаҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонида шавад.

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҳам гуфт, ки рӯзи 1 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хонаи Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён боздид намуд.

“Зимни боздид раиси вилоят бо аҳли хонадон суҳбат намуда, ба онҳо ваъда доданд, ки дар ин ҳавлии онҳо, ки 16 садяк мебошад, дар як тарафи ҳавлӣ то аз таввалудхона ҷавоб шудани кӯдакон хонаи 4-ҳуҷраӣ бо шароити муносиб сохта медиҳанд. Инчунин ваъда доданд, ки пас аз рухсати шудани кӯдакон аз таваллудхона аз тарафи ҳукуматии Қубодиён барои нигоҳубини кӯдакон ва модар ҳам духтур ва ҳам ҳамшираи шафқат ҷудо карда мешавад ва нигоҳубини онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад”.

Ба гуфтаи сухангӯйи раиси вилояти Хатлон аз тарафи раиси вилояти Хатлон ва ҳукумати Қубодиён ба ин хонадон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, лавозимот барои кӯдакон, маводи сӯзишворӣ ва кумаки молиявӣ расонида шудааст. Инчунин ба шаҳр рафта ба модари кӯдакон пул доданд. “Масълаи хона ҳал аст”,- гуфт Носирҷон Маъмурзода ба “Азия-Плюс”.

Дар Тоҷикистон таваллуди сегоникҳову чоргоникҳо то ин вақт бисё сабт шудааст, аммо бори нахуст аст, ки таваллуди панҷгоник рух медиҳад.

Ба гуфтаи Дилноза Мамадоваи 30-сола, ки онҳо ду фарзанди дигар ҳам дорад, ки яке дар синфи 4 мехонаду дигаре 4-сола мебошад, “Интизори фарзанди сеюм будем, аммо якбора панҷ фарзанд — ду писар ва се духтар ба дунё овардам. Хай, чӣ кор кунем, ин ҳам туҳфаи Худованд аст, аммо намедонам чӣ гуна инҳора калон мекунам. Зеро шароити хуби иқтисодӣ надоремЙ.  

Саъдулло Халифаев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодён ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукумати ноҳия омодагиҳои лозимро барои расонидани ёриҳои иҷтимоӣ ва таъмини онҳо бо духтуру ҳамшираи шавқати ҷудгона гирифта истодааст.

Аз Вазоратӣ тандурустӣ мегӯянд, ки тибқи иттилоъи табибон, вазъи тифлони навзод муътадил мебошад, онҳо таҳти назорат қарор доранд. Модари ин фарзандон ду моҳ таҳти назорати табибон буд ва 20 рӯзи охир дар таваллудхона қарор дошт. Ин ниҳод мегӯяд, ки ӯ 1 моҳи дигар таҳти назорат мемонад. Панҷгоникҳоро Ҳасану Ҳусейн ва Фотимаву зуҳрову Хадича ном мондаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.