Ӯзбекистон дар ҷануби Тоҷикистон барои беморони COVID-19 қабулгоҳ сохтанист

Тошканд ба дархости Душанбе посух дода, ба сохтмони қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19 изҳори омодагӣ намуд. Иншооти нав дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар заминаи маркази тиббӣ, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда истодааст, бунёд мегардад. Таъмини он бо дастгоҳу таҷҳизот низ аз ҷониби кишвари ҳамсоя аз ҳисоби маблағгузории ҶС “Узбекнефтегаз” сурат мегирад, хабар […]

Тошканд ба дархости Душанбе посух дода, ба сохтмони қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19 изҳори омодагӣ намуд.

Иншооти нав дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар заминаи маркази тиббӣ, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда истодааст, бунёд мегардад.

Таъмини он бо дастгоҳу таҷҳизот низ аз ҷониби кишвари ҳамсоя аз ҳисоби маблағгузории ҶС “Узбекнефтегаз” сурат мегирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19, ки Тошканд онро сохтаву муҷаҳҳаз гардониданист, айни замон дар Тоҷикистон собиқа надорад.

Таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб мешавад, ба дар фурсати кӯтоҳтарин ошкор кардани сирояти коронавирус дар шахс ва сипас таъҷилан фиристодани беморони COVID-19 ба беморхонаҳои минтақа ва пойтахт ҷиҳати муолиҷа имкон медиҳад.

Сохтмони маҷмааи муосири тиббӣ дар Қубодиён аз ҷониби Ӯзбекистон нимаи дуюми соли 2018 оғоз гардида, тибқи нақшаи бинокорон, баҳори соли ҷорӣ ба қабули беморон омода мешавад.

Бунёди марказ яке аз лоиҳаҳои ҳукумати Ӯзбекистон аст, ки зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 тасдиқ шуда буд.

Ғайр аз ин, дар доираи қарордодҳо аз ҳисоби маблағгузории Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаби нав барои 630 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тоҷикистон низ дар навбати худ доир ба сохтмони мактаб дар шаҳри Самарқанд барои 640 ҷойи нишаст изҳори назар карда буд. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ созад. Қарорҳои дахлдор дар ин хусус моҳи марти соли 2018 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.