Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори шифоёфтагон қариб ба шумори сироятёфтагон баробар шуд

То субҳи 11 январ шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 308 нафар расид. Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 3 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст. Гуфта мешавад, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 90 нафар боқӣ мемонад. […]

Asia-Plus

То субҳи 11 январ шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 308 нафар расид.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 3 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 90 нафар боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 24 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 13 ҳазору 215 нафар ё худ 99,3%-ро ташкил медиҳад. Фарқият байни сироятёфтагон ва шифорёфтагон 93 кас аст.

Аввали моҳи январ вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки охирин гирифторони бемори COVID-19, ки дар беморхонаҳо табобат мегирифтанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Дар ин маводи мо бо назари табибоне, ки бевосита ба муолиҷаи беморони аз коронавирус сироятёфта машғуланд, шинос шуда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.