Ҳарифони се дастаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои осиёӣ охири январ маълум мешаванд

Маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 ва Ҷоми КФО-2021, ки дар онҳо се бошгоҳи футболи Тоҷикистон – «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд» баромад мекунанд, рӯзи 27 январ баргузор хоҳад шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, қаҳрамони феълии кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО баромад мекунад. Марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи асосии […]

Asia-Plus

Маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 ва Ҷоми КФО-2021, ки дар онҳо се бошгоҳи футболи Тоҷикистон – «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд» баромад мекунанд, рӯзи 27 январ баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, қаҳрамони феълии кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО баромад мекунад. Марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ҷануб дар шакли мутамарказонидашуда аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21 апрел то 7 май доир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб ва ҷоизадори медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар – «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми КФО баромад мекунанд. Бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ, ки аз як бозӣ иборат мебошанд, рӯзҳои 6-7 апрел ва бозиҳои марҳилаи плей-офф 20-21 апрел баргузор хоханд шуд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар Осиёи Марказӣ, дар шакли мутамарказонидашуда аз 14 то 20 май доир мешавад. Бозиҳо дар низоми даврӣ дар як қисм баргузор хоҳанд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.