Коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзҳои истироҳат маълумоти оморӣ тағйир наёфт

То субҳи 18 январ вазъи марбут ба шумори сироятёфтагон аз коронавирус ва фавтидагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, тағйир наёфт. Ба ин тариқ, давоми рӯзҳои истироҳат маълумоти оморӣ тағйир наёфта, ҳамон 13 ҳазору 308 нафар сироятёфтагон ва 90 нафар фавтидагон аз оғози пандемия боқӣ монд. Бино ба маълумоти расмии оморӣ, […]

То субҳи 18 январ вазъи марбут ба шумори сироятёфтагон аз коронавирус ва фавтидагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, тағйир наёфт.

Ба ин тариқ, давоми рӯзҳои истироҳат маълумоти оморӣ тағйир наёфта, ҳамон 13 ҳазору 308 нафар сироятёфтагон ва 90 нафар фавтидагон аз оғози пандемия боқӣ монд.

Бино ба маълумоти расмии оморӣ, теъдоди шифоёфтагон низ тағйир наёфта, 13 ҳазору 218 нафар (93,3%)-ро ташкил медиҳад.

Тавре Донишгоҳи Ҷон Хопкинси Амрико хабар медиҳад, аз оғози пандемияи COVID-19 то субҳи рӯзи шанбе шумори фавтидагон аз ин беморӣ дар саросари дунё ба 2 млн 6 ҳазору 611 нафар расид.

Мувофиқи ин маълумот, шумори умумии сироятёфтагон дар 191 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон 93 млн 765 ҳазору 725 нафарро ташкил дода, зиёда аз 66 млн нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Кишвари аз ҳама пешсаф аз лиҳози теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.