Барои низомиёни рус дар Тоҷикистон 1000 воя ваксина аз COVID-19 оварданд

Date:

Миқдори аввали ваксина аз коронавируси иборат аз 1,1 ҳазор воя (доза) ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон расонида шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии Русия рӯзи сешанбе.

“Дар навбати аввал кормандони тиббии госпитали 451-уми ҳарбӣ, низомиёне, ки дар навбатдории ҳолати омодабош қарор доранд, ҳайати фармондеҳӣ ва неруҳои навбатдори пойгоҳ ваксиназанӣ мешаванд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, хизматчиёни ҳарбӣ ихтиёрӣ ваксина мегиранд. Пеш аз ваксиназанӣ ҳамаро дар бораи сирояти коронавирус, таъсири ваксина ба ҷисми инсон ва зуҳуроти имконпазири дуюмдараҷаи он огоҳ кардаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ваксиназанӣ дар Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия то 25 феврал ба анҷом расида, ояндаи наздик ваксиназании наздики 100 ҳазор нафар дар ҳавза ба нақша гирифта шудааст.

Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар 3 ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия ҷойгир аст. Ба ҳайати ҳавза ба тарзи сохторӣ як қатор иншоот дар хориҷа дохиланд: пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳарбии муттаҳида дар Қирғизистон, инчунин воҳидҳо дар қаламрави Қазоқистон. Ситоди ҳавза дар шаҳри Екатеринбург воқеъ аст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии ин кишвар дар берун аз ҳудуди он аст. Дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Ба ҳайати он воҳидҳои гуногуни низомӣ шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...