Барои низомиёни рус дар Тоҷикистон 1000 воя ваксина аз COVID-19 оварданд

Миқдори аввали ваксина аз коронавируси иборат аз 1,1 ҳазор воя (доза) ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон расонида шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии Русия рӯзи сешанбе. “Дар навбати аввал кормандони тиббии госпитали 451-уми ҳарбӣ, низомиёне, ки дар навбатдории ҳолати омодабош қарор доранд, ҳайати фармондеҳӣ ва неруҳои навбатдори пойгоҳ ваксиназанӣ мешаванд”, – қайд […]

Миқдори аввали ваксина аз коронавируси иборат аз 1,1 ҳазор воя (доза) ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон расонида шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии Русия рӯзи сешанбе.

“Дар навбати аввал кормандони тиббии госпитали 451-уми ҳарбӣ, низомиёне, ки дар навбатдории ҳолати омодабош қарор доранд, ҳайати фармондеҳӣ ва неруҳои навбатдори пойгоҳ ваксиназанӣ мешаванд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, хизматчиёни ҳарбӣ ихтиёрӣ ваксина мегиранд. Пеш аз ваксиназанӣ ҳамаро дар бораи сирояти коронавирус, таъсири ваксина ба ҷисми инсон ва зуҳуроти имконпазири дуюмдараҷаи он огоҳ кардаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ваксиназанӣ дар Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия то 25 феврал ба анҷом расида, ояндаи наздик ваксиназании наздики 100 ҳазор нафар дар ҳавза ба нақша гирифта шудааст.

Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар 3 ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия ҷойгир аст. Ба ҳайати ҳавза ба тарзи сохторӣ як қатор иншоот дар хориҷа дохиланд: пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳарбии муттаҳида дар Қирғизистон, инчунин воҳидҳо дар қаламрави Қазоқистон. Ситоди ҳавза дар шаҳри Екатеринбург воқеъ аст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии ин кишвар дар берун аз ҳудуди он аст. Дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Ба ҳайати он воҳидҳои гуногуни низомӣ шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.