Маркази Исмоилия дар Душанбе 1 феврал дарҳои худро боз мекунад

Аз 1 феврал дарҳои Маркази Исмоилия дар Душанбе барои адои ибодат боз мешаванд. Ибодати субҳ соати 5:30 ва шом – 18:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази мазкур. Дар Марказ қайд карданд, ки ибодаткунандагон бояд қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ, аз қабили 1,5 метр нигаҳдории масофа, доштани ниқоб ва худдорӣ варзидан аз дастӣ салом карданро […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 1 феврал дарҳои Маркази Исмоилия дар Душанбе барои адои ибодат боз мешаванд. Ибодати субҳ соати 5:30 ва шом – 18:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази мазкур.

Дар Марказ қайд карданд, ки ибодаткунандагон бояд қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ, аз қабили 1,5 метр нигаҳдории масофа, доштани ниқоб ва худдорӣ варзидан аз дастӣ салом карданро риоя намоянд.

Ҳамчунин барои нӯшидани об истифодаи зарфи худ зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки дар ин Марказ мунтазам натанҳо маросимҳои динӣ, балки рӯйдодҳои фраҳангӣ, намоишгоҳу ярмарка, суханрониву машғулиятҳои озод, давраҳои таълимӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд. Рӯзҳои истироҳат аз соати 9 то 12-и рӯз даромадан ба қаламрави Марказ барои ҳамаи хоҳишмандон озодона аст. Дар ин ҷо сайругашт (экскурсияҳо)-и ройгон гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз Марказ хабар доданд, алҳол он танҳо барои адои ибодат боз мешавад. Дар ибодат дар як вақт то 700 нафар иштирок карда метавонанд.

“Пас аз ифтитоҳи марказ барои ибодат маълум хоҳад шуд, ки баргузории дигар чорабиниҳои Марказ, аз ҷумла машғулиятҳо барои кӯдакон имкон дорад ё не”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе бар асари пешгирӣ аз сирояти коронавирус аз 5 марти соли 2020 баста шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.