То охири моҳ ҳаво дар Тоҷикистон сард боқӣ мемонад

То охири ҳамин моҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон ҳавои сард боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол, ҳарорат рӯзона каме гарм мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева. “То 29 январ дар Тоҷикистон обуҳавои хунук дар назар аст. Масалан, шаби гузашта дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва як қисмати ВМКБ […]

То охири ҳамин моҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон ҳавои сард боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, ҳарорат рӯзона каме гарм мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева.

“То 29 январ дар Тоҷикистон обуҳавои хунук дар назар аст. Масалан, шаби гузашта дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва як қисмати ВМКБ ҳарорат то 16-21 дараҷа хунук шуд”, – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар шарқи ВМКБ то 40 дараҷа ва дар мавзеи Булункӯл то 50 дараҷа хунукӣ поин меравад.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки аз 26 январ ҳарорат 4-5 дараҷа гарм шуда, лекин бар асари ҳавои соф, дар қисмати зиёди кишвар то аввали моҳи феврал ҳаво сард боқӣ мемонад.

“Дар Душанбе то охири моҳ боридани барф дар назар набуда, рӯзона ҳаво ба ҳисоби миёна то 15 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво хунук мешавад”, – иброз дошт Ҷамила Байдуллоева.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар навбати худ хотиррасон менамояд, ки яхбандии роҳҳо аз эҳтимол дур нест. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки суръати ҳаракатро зиёд накарда, бидуни зарурат аз сафар бо роҳҳои манотиқи кӯҳистон худдорӣ варзанд.

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дастгоҳу таҷҳизоти барқиро бе назорат нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".