Ҳоли зори гузаргоҳи Маҷмаае, ки бо 37 миллион сомонӣ сохта шуд

Гузаргоҳҳои зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд, ки ба ифтихори  25-солагии истиқлоли Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон  ба истифода дода шуда буд, имрӯз ҳолати ҳузнангезе дорад. Ин Маҷмаа бо харҷи 37 миллион сомонӣ бунёд шуда буд. Ин иншоот, ки бо номи “Тоҷ”  байни шаҳрвандон маъмул аст, дар соҳили рости дарёи […]

Нусрати Азим, махсус барои Asia-Plus

Гузаргоҳҳои зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд, ки ба ифтихори  25-солагии истиқлоли Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон  ба истифода дода шуда буд, имрӯз ҳолати ҳузнангезе дорад. Ин Маҷмаа бо харҷи 37 миллион сомонӣ бунёд шуда буд.

Ин иншоот, ки бо номи “Тоҷ”  байни шаҳрвандон маъмул аст, дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда, ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил ёфтааст. Ҳамзамон ин макон ба харитаи сайёҳоне ки ба Хуҷанд меоянд,  ворид шудааст.

Девораҳову роҳравҳои ин гузаргоҳ ҳама шикаставу валангоранд Бархе ҷойҳоро кадом масъуле "скотч" часпондаву баъзе қисматҳои харобшударо "фанера" дарбеҳ кардаанд. Аммо дар маҷмӯъ, гузаштан аз ин гузаргоҳи харобу валангор бисёр даҳшатнок аст.

Ин гузаргоҳ ягона роҳи бехатар барои донишҷӯёни  ДДХ ба номи академик Б Ғафуров ва ДДҲБСТ маҳсуб меёбад, ки аз он истифода мекунанд.

Тавре  хабаргузории давлатии  “Ховар”  ҳангоми ба баҳрабардорӣ супурдани он иттилоъ дода буд, лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардида,  маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Баландии маҷмаа 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шуда, дорои лифтҳои махсус мебошад.

Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба толори намоишӣ пайваст шудааст.

Бо гузашти 5 сол гузаргоҳҳои он ба чунин ҳол расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президент ҳангоми бунёди иншоот аз буҷети давлат таъкид мекунад, ки ба сифати он бояд таваҷҷуҳ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".