Хатлон: як шаҳрванди Швейтсария аз андоз 1,5 млн. сомонӣ қарздор аст

ҶДММ “Эком” воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки муассисаш як шаҳрванди Швейтсария бо номи Фернанд Алберт Пиллонели гуфта мешавад, 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст. Ин ширкат ҳанӯз 2-юми марти соли 2009 дар нозироти андоз сабти ном шуда, ба фаъолияти миёнҷигарӣ ва хариду фурӯшу коркарди нахи пахта сару кор доштааст. Ширкати мазкур ҳамчунин дар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

ҶДММ “Эком” воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки муассисаш як шаҳрванди Швейтсария бо номи Фернанд Алберт Пиллонели гуфта мешавад, 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст.

Ин ширкат ҳанӯз 2-юми марти соли 2009 дар нозироти андоз сабти ном шуда, ба фаъолияти миёнҷигарӣ ва хариду фурӯшу коркарди нахи пахта сару кор доштааст.

Ширкати мазкур ҳамчунин дар руйхати андозсупорандагони бемасъулият, ки дар сомонаи Кумитаи андоз нашр гардидааст, ворид карда шудааст.

Сардори нозироти андози ноҳияи Ёвон Баҳодур Ализода гуфт, ки ширкати мазкур ба коркарди нахи пахта машғул будааст ва тайи 2-3 соли охир аз фаъолият бозмондааст.

“Мо барои рӯёнидани қарзи андоз чораҳои маҷбури ситонидани қарзро андешидаем. Аз ҷумла, суратҳисоби ширкатро бастаем, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст. Ҳамчунин вобаста ба пайдо кардану маҷбуран рӯёнидани қарз нисбати роҳбари ширкат мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат кардем. Мутаассифона, соҳибмулки ин ширкат аз кишвар берун рафтааст ва ӯро пайдо накарданд”, – мегӯяд Баҳодур Ализода.

Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон беш аз 130 ширкат, ки муассисонашон ширкатҳову шаҳрвандони хориҷианд, таъсис дода шудааст. Аз ин ширкатҳо, муассиси ду ширкат дар Ҷазираҳои Вирҷини Бритониёи Кабир қарор доштааст, ки яке аз ин ширкатҳо ҶДММ “Корхонаи хиштбарорӣ” дар ноҳияи Данғара ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.