Раиси Суғд ба аёдати осебдидагони таркиши гази Панҷакент рафтааст

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баъди ҷаҳор рӯзи таркиши баллони газ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент, ки бар асари он 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд, ба ҳолпурсияшон рафт. Раиси вилояти Суғд гуфтааст барои пурра табобат ёфтани шахсони ҷароҳатёфта мутахассисони беҳтарин сафарбар шудаанд ва барои шифоёбии онҳо кӯмак мерасонанд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баъди ҷаҳор рӯзи таркиши баллони газ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент, ки бар асари он 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд, ба ҳолпурсияшон рафт. Раиси вилояти Суғд гуфтааст барои пурра табобат ёфтани шахсони ҷароҳатёфта мутахассисони беҳтарин сафарбар шудаанд ва барои шифоёбии онҳо кӯмак мерасонанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 28-уми январ бо ҷароҳатбардоштагон ва пайвандони онҳо дар беморхонаи марказии Панҷакент сӯҳбат оростааст. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҳоло вазъи беморон қаноатбахш буда, духтурон барои барқарорсозии саломатии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

“Худи ҳамон рӯз бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои роҳбарияти вилоят 8 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои табобати ҷароҳатёфтагон ба Панҷакент сафарбар карда шуданд”, – иттилоъ медиҳад Хадамоти раиси вилоят.

Аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ҳам 8 нафар аз ҷароҳатбардоштагон дар шӯъбаи эҳё бистарӣ ҳастанд ва вазъи саломатияшон қаноатбахш аст.

Раҷаббой Аҳмадзода баъди аз ҳоли беморон дидан кардан бо пайвандону наздикони онҳо сӯҳбат ороста, гуфтааст, ки барои пурра табобат ёфтани ҷароҳатбардоштагон мутахассисони беҳтарин сафарбар шуда, барои табобати беморон кӯмак мерасонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми январ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент бар асари таркиши баллони газ 23 нафар кормандони муассиса – 15 зану 8 мард ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқимонда ҷароҳатбардоштагон ҳанӯз зери назорати духтурон қарор доранд ва мақомот мегӯяд, вазъи саломатии онҳо қаноатбахш аст.

Мақомоти Суғд сабаби таркиши балони газ дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157-ро бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ арзёбӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.