Бонкҳои низомсози Тоҷикистон барои соли 2021 муайян шуданд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2021” тасдиқ карда шуд. Рӯйхат бо назардошти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти солона (аз 1 январ то 31 декабри соли 2020) таҳия шудааст. Чун як сол пеш БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Эсхата” бонкҳои низомсози […]

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2021” тасдиқ карда шуд.

Рӯйхат бо назардошти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти солона (аз 1 январ то 31 декабри соли 2020) таҳия шудааст.

Чун як сол пеш БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Эсхата” бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф шуданд.

Дар замима ба қарор дар банди алоҳида – “ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ” –  ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл” зикр шудааст.

Дар замима шарҳ дода мешавад, ки ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Зикр мегардад, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи БМТ ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ: 19 бонк, 18 ташкилоти амонатгузории хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.