Дар Эрон тӯли ним сол 2 гӯштингир ба қатл расонида шуд

Дар Эрон пас аз айбдорӣ ба куштор гӯштингир Меҳдӣ Алӣ Ҳусейнии 30-сола ба қатл расонида шуд, хабар медиҳад Bloodyelbow. Ҳусейнӣ соли 2015 ба гумони даст доштан дар куштор ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар кӯча боздошт шуд. Оилаи варзишгар авфи ӯро дархост накарданд. Ҳукм дар зиндони Дизфул дар ғарби Эрон ба иҷро расид. Ҳамтоёни Ҳусейнӣ, аз ҷумла […]

Дар Эрон пас аз айбдорӣ ба куштор гӯштингир Меҳдӣ Алӣ Ҳусейнии 30-сола ба қатл расонида шуд, хабар медиҳад Bloodyelbow.

Ҳусейнӣ соли 2015 ба гумони даст доштан дар куштор ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар кӯча боздошт шуд. Оилаи варзишгар авфи ӯро дархост накарданд. Ҳукм дар зиндони Дизфул дар ғарби Эрон ба иҷро расид.

Ҳамтоёни Ҳусейнӣ, аз ҷумла қаҳрамони олимпӣ оид ба гӯштингирӣ Ҳомид Сориён ба ҷонибдории ӯ талош варзиданд, лекин аз муроҷиати онҳо натиҷае ҳосил нашуд.

Ғайр аз ин, аз Департамени давлатии ИМА низ талаб шуд, ки ҳукми қатл ба иҷро расонида нашавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта низ гӯштингири дигари эронӣ Навид Афкарӣ ба қатл расонида шуда буд, ки ӯро ҳам дар куштор айбдор донистанд. Лекин мухолифон изҳор доштанд, ки Афкарӣ зери шиканҷа гуноҳашро эътироф намуда, барои иштирок дар эътирозҳои зидди ҳукумат ба қатл расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.