Иҷозаи амалиёт бо асъори хориҷӣ ба “Скай Кейтеринг”

Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба ҶСП “Скай Кейтеринг” иҷозатнома дод. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатнома бо қарори Раёсати Бонки миллӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати 3 сол дода шудааст. Гуфта мешавад, мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор […]

Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба ҶСП “Скай Кейтеринг” иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатнома бо қарори Раёсати Бонки миллӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Гуфта мешавад, мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст, дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Мутобиқи қонқнгузории Тоҷикистон, Бонки миллӣ мақоми давлатии танзим ва назорати асъор мебошад, ки аз ҷумла, тартиби додани иҷозатнома ба амалиёт бо асъори хориҷиро муайян месозад.

Дар бораи ширкати “Скай Кайтеринг”

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Скай Кайтеринг” ба таъмини ғизо дар дохили ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб машғул буда, дар маълумоти сомонааш худро яке аз бузургтарин ширкатҳои Тоҷикистон муаррифӣ намудааст.

Ширкати мазкур соли 2009 таъсис дода шуда, аз соли 2010 корхона бо низоми ISO 9001 (яке аз низомҳои менеҷменти сифат) гувоҳнома гирифтааст.

Маълумот дар бораи муассисони ҶСП “Скай Кайтеринг” мавҷуд набуда, директори генералии ширкат Холов Ш.С. зикр шудааст.

Кӣ ва дар куҷо бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом дода метавонад?

Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон додашаванда амалӣ карда мешавад.

Чунин иҷозатномаро корхонаву ширкатҳое дастрас карда метавонанд, ки ба амалиёти зерин машғуланд:

– мағозаҳои савдои бебоҷ;

– хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;

– нуқтаҳои мубодилаи асъори  шахсони ваколатдор;

– миёнаравӣ дар бозори байналмилалии  асъор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.