Дарёфти ҷасадҳои хунукзадаи падару писар пас аз 7 рӯз дар кӯҳҳои Хоҷамастон

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо ёрии аҳолии маҳаллӣ рӯзи 29 январ дар кӯҳҳои Хоҷамастон ҷасадҳои хунукзадаи падару писар – Баён Солеҳов ва Муҳтоҷиддин Солеҳов, сокинони деҳаи Загертии шаҳри Левакандро дарёфт намуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҳалокшудагон ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидов ба ҷустуҷӯи чорвои хонагии худ […]

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо ёрии аҳолии маҳаллӣ рӯзи 29 январ дар кӯҳҳои Хоҷамастон ҷасадҳои хунукзадаи падару писар – Баён Солеҳов ва Муҳтоҷиддин Солеҳов, сокинони деҳаи Загертии шаҳри Левакандро дарёфт намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҳалокшудагон ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидов ба ҷустуҷӯи чорвои хонагии худ рафта, бедарак шуда буданд.

Ҳамон шаб дар кӯҳҳо барфи хеле зиёд борида, тумани ғализ фаромад ва ҳаво якбора хеле сард шуд.

“Ҷасади падару писар дар яке аз нишебиҳои кӯҳ дарёфт шуда, онҳо дар оғӯши ҳамдигар аз хунукӣ ҳалок шудаанд”, – қайд кард Юсуфӣ.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Кумита, ҷустуҷӯи ҷасади ҳамсояи онҳо Рустам Саидов идома дорад.

Зимнан хотиррасон шуд, ки Кумита маҳз дар ҳамин давра аҳолиро аз худдорӣ кардан ба сафару саёҳат ба минтақаҳои кӯҳистон огоҳ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.