Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки деканро бо корд зада буд, расонаӣ кард

Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки декани факултаашро бо корд зада буд, расонаӣ кард. Бино ба иттилои РВКД дар Душанбе ин нафар Давлятов Айниддин Нуриддинович, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Айниддин Давлятов, сокини ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ  донишҷӯйи соли дувуми Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон, декани факултаи менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафарро барои нагузоштани баҳо ва ба донишгоҳ даъват кардани […]

Asia-Plus

Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки декани факултаашро бо корд зада буд, расонаӣ кард. Бино ба иттилои РВКД дар Душанбе ин нафар Давлятов Айниддин Нуриддинович, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Айниддин Давлятов, сокини ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ  донишҷӯйи соли дувуми Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон, декани факултаи менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафарро барои нагузоштани баҳо ва ба донишгоҳ даъват кардани падараш рӯзи 28-уми январ, тахминан соати 16.30-и аср дар назди утоқи кораш бо корд задааст.

"Чуноне санҷиш ва тафтиши раванди таҳсилоти гумонбаршаванда Давлятов Айниддин дар донишгоҳи мазкур муайян намуд, номбурда ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст. Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст",-менависад торнамои РВКД дар Душанбе.

 Айниддин Давлятов аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст, ба гуфтаи пулиси Душанбе "нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад".

Ҳоло ин донишҷӯ дастгир шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 32-қисми 3 – 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.