Барои дар мансаб боқӣ мондан доштани шаш маҳорат зарур аст

Аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 бо супориши президенти Тоҷикистон санҷиши сатҳи тахассусӣ ё худ аттестатсияи кормандони сохторҳои хизмати давлатӣ гузаронида шуд. Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён дар ин робита изҳор кард, ки санҷиш дар мақомоти молия, андозу гумрук, кормандони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи […]

Аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 бо супориши президенти Тоҷикистон санҷиши сатҳи тахассусӣ ё худ аттестатсияи кормандони сохторҳои хизмати давлатӣ гузаронида шуд.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён дар ин робита изҳор кард, ки санҷиш дар мақомоти молия, андозу гумрук, кормандони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва “Амонатбонк” гузаронида шуд.

Ба гуфтаи ӯ, санҷиши кормандони сохторҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шуд.

Вазир қайд кард, ки дар ин давра 7 ҳазору 523 нафар кормандони сохторҳои зикршуда аз санҷиш гузаштанд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия шахсони тасодуфӣ, ғайриҳирфаӣ ва номуносиб аз кор аз сохторҳои зикршуда озод шуда, чанде аз онҳо ба вазифаи зинаҳои пасттар гузаронида шуданд”, – иброз дошт вазири адлия.

Дар ҳамин ҳол, вазир шумори саҳеҳи мансабдорони давлатиеро, ки аз санҷиш нагузаштаанд, номбар накард.

“Дар ҷараёни санҷиш ба омодагии касбӣ, корӣ ва умумии кормандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, инчунин сатҳи забондонии онҳо, қобилияти тадорукотӣ ва малакаҳои кор дар комптер ба инобат гирифта шуд”, – зикр кард вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.