Пеш аз таъин шудан ба вазифаи судя дороии онҳо санҷида мешавад

Ба парлумони Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи судҳо” пешниҳод фиристода шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таъин шудан ба мансаби судя пешниҳод ё интихоб мешаванд, бояд ба мақомоти дахлдор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба парлумони Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи судҳо” пешниҳод фиристода шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таъин шудан ба мансаби судя пешниҳод ё интихоб мешаванд, бояд ба мақомоти дахлдор дар бораи даромад ва амволи худ эъломия пешниҳод кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйирот, судяҳо пас аз таъин шудан ба вазифа низ уҳдадор мешаванд, ки ҳамасола дар бораи даромад ва амволашон эъломия пешниҳод намоянд.

Гуфта мешавад, судяҳои тозатаъин пеш аз оғози фаъолият ба риояи қонунҳои кишвар савганди садоқат ёд мекунанд. Дар тағйирот инчунин таъин нагардидани нафақахӯрон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба мансаби судя пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.