Соли 2020 дар Тоҷикистон наздики 42 ҳазор кас фавтид, ки қариб 9 ҳазор аз соли 2019 зиёдтар аст

Соли гузашта дар Тоҷикистон 41 ҳазору 693 нафар шаҳрвандон фавтиданд, ки 8 ҳазору 643 кас зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад. Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода, лекин сабаби чунин босуръат болоравии ҳодисаҳои фавтро дар кишвар шарҳ надод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳии кишвар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон 41 ҳазору 693 нафар шаҳрвандон фавтиданд, ки 8 ҳазору 643 кас зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода, лекин сабаби чунин босуръат болоравии ҳодисаҳои фавтро дар кишвар шарҳ надод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳии кишвар 11 нафар маҳбусон аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааанд. Дар ҳамин ҳол, Ашӯриён аз ифшои маълумот дар бораи шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш ё  сирояти коронавирус дар зиндонҳо худдорӣ варзид.

Тибқи маълумоти Вазорати адлия, соли гузашта дар ҷумҳурӣ наздики 67 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, ки 2,5 ҳазор камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Соли гузашта дар кишвар расман ҳудуди 10,5 ҳазор ҳолатҳои азҳампошии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки 2,5 ҳазор камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Соли 2020 зиёда аз 19,8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ному насаб ва номи хонаводагии худро иваз кардаанд. Як сол пештар (соли 2019) ин рақам ба 40,5 ҳазор нафар баробар буд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, аз оғози пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.