“Барқи тоҷик”: “Лимити барқро 1 соат кам кардем”

Аз 13 феврал реҷаи маҳдуд ё худ лимити истифодаи барқ дар манотиқи деҳоти кишвар 1 соат кам карда шуд. Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии рӯзи 17 феврал дар ин робита хабар дод, ки акнун интиқоли барқ аз соати 23:00 то соати 5:00 субҳ қатъ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, сабуктар кардани лимит […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз 13 феврал реҷаи маҳдуд ё худ лимити истифодаи барқ дар манотиқи деҳоти кишвар 1 соат кам карда шуд.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии рӯзи 17 феврал дар ин робита хабар дод, ки акнун интиқоли барқ аз соати 23:00 то соати 5:00 субҳ қатъ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, сабуктар кардани лимит ба он вобаста аст, ки моҳи феврал ҳаво мусоид шуда, маҷрои оби дарёи Вахш зиёд шуд.

Исмоилзода қайд кард, ки моҳи январ маҷбур буданд, ки лимит ҷорӣ кунанд, чунки сатҳи об дар обанбори Норак он замон 4 метр поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 буд.

“Айни замон ин фарқият қариб бартараф шуда, ҳамагӣ 26 сантиметрро ташкил медиҳад”, – иброз дошт раиси ширкат.

Зимнан таъкид шуд, ки айни замон корҳои таҳлили низоми электроэнергетика ҷараён дошта, эҳтимол меравад, ки пас аз он ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои деҳот зиёдтар карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон расман аз 6 январ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ шуда, интиқоли барқ ба аҳолии деҳот аз соати 23:00 то 6:00-и субҳ қатъ карда мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.