Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд

Постгоҳи сарҳадии “Ҷартеппа” дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дар марзи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои убури донишҷӯён боз шуд, хабар медиҳад Газета.уз. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, пеш аз ин донишҷӯён аз Ӯзбекистон танҳо тариқи постгоҳҳои сарҳадии “Сариосиё”, “Ойбек” ва “Сарбанд” ба қаламрави Тоҷикистон гузашта метавонистанд. Аввали моҳи январ гузаргоҳи “Ҷартеппа” барои […]

Постгоҳи сарҳадии “Ҷартеппа” дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дар марзи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои убури донишҷӯён боз шуд, хабар медиҳад Газета.уз.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, пеш аз ин донишҷӯён аз Ӯзбекистон танҳо тариқи постгоҳҳои сарҳадии “Сариосиё”, “Ойбек” ва “Сарбанд” ба қаламрави Тоҷикистон гузашта метавонистанд.

Аввали моҳи январ гузаргоҳи “Ҷартеппа” барои равуои автомашинаҳои боркаш тибқи амалиёти содиротиву воридотии корхонаҳои вилояти Самарқанд боз шуд.

Дар бораи он, ки оё  тариқи гузаргоҳи “Ҷартеппа” донишҷӯён аз Тоҷикистон низ ба Самарқанд рафта метавонанд, чизе гуфта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябри соли гузашта Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ супоранд. Тартиби нави гузаштан аз сарҳад аз 25 декабри соли 2020 мавриди амал қарор гирифт.

Риояи ин тартиб аз касоне низ талаб хоҳад шуд, ки дар бораи ташхис бо натиҷаи манфии сироят аз COVID-19 маълумотнома (справка) доранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳисоби пули шахсони ба ин кишвар воридшаванда гузаронида мешавад. Гузаштан аз тест 20 дақиқа вақтро мегирад.

Агар тест натиҷаи мусбат нишон диҳад, шахс дар муассисаҳои тиббии махсус оид ба муолиҷа аз сирояти коронавирус бистарӣ мегардад ё барои муолиҷа дар шароити хона фиристода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст. Алҳол барои се категорияи шаҳрвандон:

– ба шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст;

– ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд. Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад;

– ба шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.