Дар Тоҷикистон интихоботи миёндаврии парлумон доир мешавад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи рӯзи 18 апрел баргузор намудани интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилоне, ки  қабл аз анҷоми давраи ваколаташон аз ҳайати парлумон хориҷ шудаанд, дар ҳавзаҳои интихоботии Деваштич, Балхӣ ва Вахш қарор қабул кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар КМИР Тоҷикистон. Ёдрас […]

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи рӯзи 18 апрел баргузор намудани интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилоне, ки  қабл аз анҷоми давраи ваколаташон аз ҳайати парлумон хориҷ шудаанд, дар ҳавзаҳои интихоботии Деваштич, Балхӣ ва Вахш қарор қабул кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар КМИР Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода бинбар сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳояшро дар парлумон супурд.

Қаблан вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ Ҳоким Холиқзода низ дар робита ба рӯзи 20 июни соли 2020 муовини раиси Бонки миллӣ таъин шуданаш, аз ҳайати парлумон хориҷ шуд.

Нимаи моҳи ноябри ҳамин сол президент ӯро раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин кард.

Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафарзода аввали моҳи октябри соли гузашта намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, дигар дар ҳайати парлумон кор намекунад.

Бахтовар Сафарзода дар Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Вахш намояндагӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.