Тоҷикистон интиқоли барқро ба Афғонистон 8 баробар зиёд карданист

ШСХК “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои электроэнергетикии Афғонистону Ӯзбекистон дар бораи таҳвили барқ ба ин кишварҳо дар соли 2021 созишномаҳо ба имзо расонид. Мувофиқи қарордодҳо, дар мавсими баҳору тобистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад, хабар дод муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода 17 феврал зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи […]

ШСХК “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои электроэнергетикии Афғонистону Ӯзбекистон дар бораи таҳвили барқ ба ин кишварҳо дар соли 2021 созишномаҳо ба имзо расонид.

Мувофиқи қарордодҳо, дар мавсими баҳору тобистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад, хабар дод муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода 17 феврал зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, таҳвили барқ ба ин кишвар дар оғози мавсими тирамоҳу зимистон қатъ гардида, бо кофӣ шудани маҷрои об дар дарёи Вахш барқарор мешавад.

Зикр шуд, ки айни замон Афғонистон дар ҳадди камтарин (минималӣ) аз Тоҷикистон барқ мегирад.

Асозода таъкид дошт, ки хатҳои интиқоли барқ бо Афғонистон барои коршоям буданашон тамоми сол доимо зери ҷараён нигоҳ дошта мешаванд.

Ӯ қайд кард, ки айни замон ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 1,2 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад, ки тақрибан ба 2,5% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда баробар аст.

Намояндаи “Барқи тоҷик” изҳор намуд, ки аз моҳи апрели ҳамин сол 8 баробар зиёд кардани ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст.

“Барои ҳар як киловатт барқи Тоҷикистон Афғонистон 3 сент (бо хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 110 кВ) ва 4,5 сент (бо ХИБ-и 220 кВ) пардохт мекунад”, – гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, дар муқоиса бо як соли пешин (соли 2019),  соли 2020 бо сабаби норасоии захираҳои обӣ ҳаҷми содироти барқ ба андозаи беш аз 48% кам шуда, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта ҳамагӣ 1,6 млр кВт-соатро ташкил дод.

Дар назар аст, ки то охири соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 3 млрд кВт/соат неруи барқ содир карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.