«Хатлон» ва «Истиқлол» дар финали Ҷоми ФФТ бозӣ мекунанд

Дар вохӯрии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки рӯзи 20 феврал доир мегардад, дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 феврал бозиҳои нимфиналии мусобиқа доир гардида, “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 дастаи “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб кард. Гуфта мешавад, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар вохӯрии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки рӯзи 20 феврал доир мегардад, дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 феврал бозиҳои нимфиналии мусобиқа доир гардида, “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 дастаи “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб кард.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари нимфиналӣ байни “Истиқлол” ва тими “Регар-ТадАЗ” футболбозони шаҳри Турсунзода дар аввали бозӣ ба дарвозаи душанбегиҳо ду тӯб зада (2:0), лекин ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд ва дар ниҳояти кор “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ба ин тариқ, дар бозии финалии Ҷоми ФТТ-2021 рӯзи шанбе, 20 феврал дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” бо ҳам рақобат мекунанд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 15:00.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ барои ишғоли ҷойи сеюм, ки он ҳам рӯзи 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, тимҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 11:00.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.