Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод

Тоҷикистон ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар бе натиҷаи тест иҷоза медиҳад, лекин онҳо бояд бо худ маълумотнома дар бораи ваксинагирӣ зидди коронавирус дошта бошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров. “Шаҳрвандоне, ки ваксина гирифтаанд, бо пешниҳоди маълумот дар бораи ваксинзанӣ ба Тоҷикистон ворид […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар бе натиҷаи тест иҷоза медиҳад, лекин онҳо бояд бо худ маълумотнома дар бораи ваксинагирӣ зидди коронавирус дошта бошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

“Шаҳрвандоне, ки ваксина гирифтаанд, бо пешниҳоди маълумот дар бораи ваксинзанӣ ба Тоҷикистон ворид шуда метавонанд. Аммо агар шаҳрванди хориҷӣ 2 ё 3 ҳафта пеш ваксина гирифта бошад, ӯро лозим меояд, ки тест супорад. Агар аз замони ваксинагирӣ як моҳ ё зиёдтар аз он муҳлат гузашта бошад, натиҷаи тест талаб намешавад”, – гуфт ӯ.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки зидди COVID-19 ваксина нагирифтаанд, мисли пештара бояд бо худ маълумотномаи ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (се шабонарӯз) то замони убури марз дода шудааст. Барои кӯдакони синни то 3-сола чунин маълумотнома талаб намешавад.

Ҷаъфаров қайд кард, ки тайи ду моҳи охир дар кишвар ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашуда, инчунин штаммҳои нави африқоиҷанубӣ ва бритониёии ин вирус дар Тоҷикистон ҷой надорад.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон барои ваксиназании гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ мувофиқи тақсимоти ваксинаҳои зидди коронавирус бо ташаббуси COVAX 732 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca/Oxford мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.