Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад

Мирзоамир Бақоеви 33-сола аз шаҳри Хуҷанд бо як навъи ғайриодии ризокорӣ (волонтёрство) машғул аст. Ӯ ба дигарон бепул забонҳои хориҷӣ меомӯзонад. Худаш забонҳоро мустақилона азхуд кардааст, зеро оилаашон барои пардохти маблағи забономӯзии ӯ имкон надошт. Ба туфайли заҳматҳои зиёд ва матонат айни замон Мирзоамир забонҳои англисиву олмонӣ ва ҷопониро балад буда, боз забони фаронсавиро меомӯзад. […]

Мирзоамир Бақоеви 33-сола аз шаҳри Хуҷанд бо як навъи ғайриодии ризокорӣ (волонтёрство) машғул аст. Ӯ ба дигарон бепул забонҳои хориҷӣ меомӯзонад. Худаш забонҳоро мустақилона азхуд кардааст, зеро оилаашон барои пардохти маблағи забономӯзии ӯ имкон надошт. Ба туфайли заҳматҳои зиёд ва матонат айни замон Мирзоамир забонҳои англисиву олмонӣ ва ҷопониро балад буда, боз забони фаронсавиро меомӯзад.

Чизе, ки бепул азхуд кардааст, ба дигарон омӯзониданист

Ба туфайли донишу забондониаш ӯ тариқи барномаҳои ройгони табодул аз бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Финаландияву Олмон ва Туркия, инчунин ду сол пеш бо барномаи Cultural scholarship program аз Индонезияву Малайзия ва Сингапур боздид намудааст.

Пас аз ин сафарҳо ӯ тасмим мегирад, ки чизе, ки бепул азхуд кардааст, ба дигарон низ меомӯзонад, яъне ба шахсони боистеъдод имкон медиҳад, ки забонҳои хориҷиро азхуд кунанд.

– Дарсдиҳиро дӯст медорам ва аз дастам ҳам меояд, – мегӯяд Мирзоамир. – Боре шоҳиди як ҳодисае шудам, ки ақидаамро бобати бепул дарс додан қавӣ кард. Дар як маркази таълимӣ духтаре таҳсил мекард, ки барои азхуд намудани забони англисӣ имкону қобилияти зиёде дошт ва инро баллҳои дар имтиҳону тестҳо гирифтаи ӯ низ тасдиқ мекарданд.

Модараш ба сифати кондуктор дар автобус кор мекард ва вақте ӯро аз кор озод карданду онҳо пули таҳсилро дода натавонистанд, духтарро аз марказ хориҷ карданд ва барои ӯ роҳи омӯзиши забони хориҷӣ баста шуд.

Ҳозир Мирзоамир 20 шогирд дорад, ки вазъияти аксари онҳо монанди духтари дар боло зикршуда мебошад.

Вақте ӯ як сол пеш дар Facebook навиштае дар бораи тариқи скайп дарс додан нашр кард, пешниҳодашро аксарият пазируфтанд, зеро он замон дар кишвар хатари паҳншавии коронавирус вуҷуд дошт ва шакли онлайни таълим барои бисёриҳо муносибу писанд буд.

Ӯ чор нафарро интихоб карда, ба таълимдиҳӣ шурӯъ кард.

Чун сафи хоҳишмандон зиёд шуд, Мирзоамир қарор дод, ки гурӯҳ ташкил кунад, лекин ҷойи таълимро худи хонандагон бояд меёфтанд, зеро барои таълими дастаҷамъона ӯ бино ё дафтари корӣ надошт. Ба ин тариқ, се гурӯҳи иборат аз 4-5 нафарӣ ташкил шуданд. Ғайр аз ин, ӯ тариқи платформаҳои Skype ва Zoom низ ба чанде аз хоҳишмандон таълим медиҳад.

Забономӯзии дуҷониба

– Ман худам бо гуфтугӯ бо хориҷиён донишу забондониамро такмил дода, ба онҳо забони русӣ меомӯзам, – изҳор мекунад Мирзоамир. – Ба ин васила як табодули муфиди дониш сурат мегирад. Ҳозир имконот хеле зиёд аст. Албатта, агар ба хориҷа равӣ ва бевосита дар муҳити ҳамон забон бошӣ, хеле хуб аст, лекин на ҳама чунин имкон доранд. Барои шогирдони худ бо хориҷиён вохӯриҳои онлайн ташкил мекунам, ки ба онҳо ҷиҳати зудтар омӯхтани гуфтугӯ кумак мекунад.

Ба ақидаи Мирзоамир, донистани сарфу наҳв (грамматика) дар забономӯзӣ муҳим аст, лекин қориазёд кардани қоидаҳо начандон зарур буда, баъзан мебояд аз чаҳорчӯби маъмулӣ берун рафт.

Бе ҷойи худӣ

Муаллимони донишгоҳ, ки баъди 10 дарси ӯ ба гуфтугӯ бо забони хориҷӣ шурӯъ намуданд ва ду ҷавонеро, ки айни замон дар Олмон таҳсил мекунанд, метавон аз ҷумлаи шогирдони беҳтарин ва комёбиҳои Мирзоамир ном бурд.

Дарсдиҳӣ шуғли дӯстдоштаи Мирзоамир аст. Ӯ бо кори дигар – менеҷери фурӯш ва ороишгар (дизайнер) дар як ширкат рӯзгорашро таъмин мекунад. Ҳамчунин ба сифати сармуҳосиб кор мекунад ва мегӯяд, барои таъмни рӯзгор кифоя аст.

Ягона мушкиле, ки дорад, набудани ҷой барои таълим аст. Ҳозир ин ба дӯши худи хонандагонаш вогузор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.