Радабандии нави ҷудои ҷаҳонӣ: Сомон садрнишини паҳлавонони Тоҷикистон

Date:

Федератсияи ҷаҳонии ҷудо баъди сабқати "Tashkent Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузурги Тошканд", ки рӯзҳои 5-7-уми март баргузор шуд, радабандии нави ҷудокорони ҷаҳонро нашр кард, ки дар садри ҷудокорони Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков бо 2390 имтиёз қарор дорад. 

Сомон Маҳмадбеков ҳамчунин аз Тоҷикистон ягона паҳлавонест, ки бо имтиёзи доштааш дар мақоми 17-уми имётиёздорони олимпӣ барои Бозиҳои Токио, дар 20-гонаи  ҷудокорони вазни -73 кг қарор дорад. 

Аммо Сомон Маҳмадбеков баъди нокомӣ дар ин сабқат мақоми худро дар радабандӣ миёни паҳлавонони Тоҷикистон ду зина аз даст додааст. 

Темур Раҳимов дар сабқати "Tashkent Grand Slam" дар вазни 100+ ба мақоми панҷум расид ҷойи худро дар ин радабандӣ як зина болотар карда, бо 2811 имтиёз мақоми дувумро дар миёни ҷудокорони Тоҷикистон дорад. 

Темур Раҳимов дар 20-гонаи имтиёздорони олимпӣ дар мақоми 20-ум қарор гирифт. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳунарнамоии Тимур бо Эрик Абрамов аз Олмон барои медоли биринҷӣ

Мақомҳои сеюму чорумро Комроншоҳ Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода мутаносибан бо имтиёзҳои 2314 ва 2796 касб кардаанд. Дар ҳамин ҳол Устопириён як зина болотар рафта ва Хоҷазода як зинаро аз даст додааст. Ҳамчунин Комроншоҳ мақоми 24-уми имтиёздорони олимпиро дар вазни – 90 кг аз худ кардааст.

Шакармамад Мирмамадов бо 892 имтиёз, Акмал Муродов бо 849, Саидҷалол Саидов бо 432, Шаҳбоз Саидабуроров бо 366, Ёқубҷон Боқиев 249 ва Муҳаммад Маҳмадизода бо 192 имтиёз мақомҳои баъдии 10-гонаи ҷудокорони тоҷикро дар ин радабандӣ соҳиб шудаанд. 

Дар ин радабандӣ Шаҳбоз Саидабуроров, ки дар сабқати Тошканд дар вазни -60 кг ба мақоми панҷум расид, яку якбора 272 зина боло рафтааст. 

Дар ин сабқати Тошканд паҳлавонони тоҷик: -60 kg Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров, -63kg Шоҳида Қаландарова (миёни занон), -66 kg  Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Суфиев, -73kg Сомон Маҳмадбеков, -81kg Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров, -90kg Амирҷони Насимҷон, Комроншоҳ Устопириён, -100kg  Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон ва +100kg Темур Раҳимов Шакармамад Мирмамадов ширкат карданд.

Қаюмзода, Шоҳида Қаландарова, Алиҷон Сафаралиев,Баҳром Суфиев, Акмал Муродов, Амирҷони Насимҷон, Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон ва Шакармамад Мирмамадов дар давраҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар давраи аввал озод буд дар даври дувум шикаст хӯрд. Ҳақназар Назаров паҳлавони вазни -81 кг тоҷик бар ду ҳарифаш пирӯз шуд ва дар даври сеюм шикаст хӯрд. Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал озод буд, ки дар даври дувум пирӯзӣ ба даст оварду дар даври дигар мағлуб гардид.

Натиҷаҳои аз ҳама хубро дар ин сабқат Шаҳбоз Саидабуроров (-60 кг) ва Темур Раҳимов (100+) ба даст оварданд, ки ҳар ду ба мақоми панҷуми ин сабқат расиданд. 

Гуфта мешавад, дар ин сабқат 541 варзишгар аз 75 давлати дунё ширкат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/sports/20210305/udokori-toik-baroi-medali-birinii-tashkent-grand-slam-muboriza-mebarad

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...